Санаи 29-уми майи соли 2026 бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, фароҳам овардани муҳити солиму дӯстона барои кӯдакону наврасон, бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Мо кӯдакони хушбахти диёрем!» ташкил ва баргузор карда шуд.
Нахуст директори муассиса Ҳикматуллозода Ф.Ҳ. ҳозиринро ба муносибати “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки “…кӯдакон ояндаи миллату давлат буда, таълиму тарбияи дуруст, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа маҳсуб меёбад. Маҳз таваҷҷуҳ ба насли наврас заминаи рушди устувори ҷомеа ва пешрафти давлатро таъмин менамояд. Бинобар ин, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, истироҳат, рушди маънавию ҷисмонӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад. ”
Сипас, аз ҷониби хонандагони муассиса ба муносибати ҷашни пуршукӯҳ барномаи мукаммали фарҳангӣ пешкаш карда шуд, ки дар он хонандагон шеъру сурудҳо пешкаши ҳозирин намуданд.
Дар охир ба як қатор хонандагон, ки дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, шаҳриву ноҳиявӣ иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд, бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамзамон ба онҳо дар таҳсилу фаъолияти минбаъдаашон барору муваффақиятҳои нав орзу гардид.
Нишон
Парчам
Суруди миллӣ



