САЁҲАТИ ХОНАНДАГОН БА АКАДЕМИЯИ ФУТБОЛИ «ИСТИҚЛОЛ» БА МУНОСИБАТИ «РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 23-юми майи соли 2026 бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” бо ташаббуси ШОПҲНҶ РВКД дар шаҳри Душанбе барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ саёҳати омӯзандаву хотирмон ба Академияи футболи «Истиқлол» ташкил ва баргузор гардид.

Зимни саёҳат хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии N34, аз шароити муосири тамрин, майдонҳои варзишӣ ва имкониятҳои фароҳамгардида барои рушди футболбозони ҷавон аз наздик шинос шуданд. Инчунин ба онҳо оид ба тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва пешгирии амалҳои номатлуб миёни наврасон суҳбатҳои муфид баргузор карда шуд.

Хонандагон аз ин саёҳат таассуроти нек бардошта, ба ташкилкунандагон изҳори сипос намуданд.